![]() Раҳмонов Раҳмонҷон Усмонович
14.11.1994, шаҳри Душанбе Ходими калони илмии озмоишгоҳи биотехнология МДИ “Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Соли 2016 Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандисӣ дар роҳхати “Мошинҳо ва таҷҳизотҳои технологӣ” хатм кард. Соли 2016 дар Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ-Славянӣ (ш.Душанбе) ба факултаи идоракунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар кафедраи менеҷментӣ ва туризм (сайёҳӣ) ба магистратура дохил шуда соли 2018 онро бо дипломи аъло хатм кард. Ҳамзамон дар солҳои таҳсил дар шаҳри Санкт-Петербург дар заводҳои “Danone” ва “Балтика” таҷрибаомӯзӣ кард. Солҳои 2016-2018 дар Биржаи фондии Осиёи Марказӣ (ш.Душанбе), ҳамчун коромӯз дар роҳхати Маҳфуздорандаи Марказӣ фаъолият бурд. Соли 2019 дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар назди Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси (специалист) шӯъбаи таҳқиқоти макроиқтисодӣ кор ва фаъолият бурд. Аз моҳи майи соли 2019 то июни соли 2020 менеҷери рушди лоиҳа дар Институти тибби Авитсенна ва фармакология (ИТАФ) кор кард. Аз июни соли 2020 та айни замон ходими калони илмӣ дар озмоишгоҳи биотехнологияи МДИ “Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” фаъолият дорад. Муаллифи 3 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
БАРНОМАИ ПАЖӮҲИШӢ Мавзӯъ: Ҷойгоҳи гиёҳони доруӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масъулин: Раҳмонов Раҳмонҷон Як устоди иқтисод...................... ва Масъуди Миршоҳӣ Мушовир ....................................... Кишвари Тоҷикистон аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ арзишҳои вижаи худро дорад. Аз ҷумла, муҳимтарини онҳо сарчашмаҳои оби тоза, маводи маъданӣ ва гиёҳони доруӣ дар кӯҳистонҳои ин сарзамин аст. Гиёҳони доруӣ яке аз сарватҳои беназир дар Тоҷикистон аст, ки аз дербоз истифодаи он дар миёни мардум роиҷ мебошад ва аз солҳои дур гиёҳони доруӣ дар бозор арза мешудааст. Бинобар ин, ончи, ки дар бораи гиёҳони доруӣ дар Тоҷикистон дар асри ҷадид лозим аст, баррасӣ ва мавзӯи кори ҷаноби Раҳмонов Раҳмонҷон дар шӯъба хоҳад буд ва пурсишҳо дар ин бора иборатанд аз:
|
Список опубликованных научных трудов Отдела инновационной фармацевтики и экспериментальной медицины
при Центре исследования инновационных технологий АН РТ за 2017-2020 гг. Download |