Dr. Sodik Numonov
Senior Researcher in Laboratory of Biological Sciences, Department of Pharmacy and Innovation of Experienced Physician in the Center for Research in Innovative Technologies, National Academy of Sciences of Tajikistan Director of Research Institution "Chinese-Tajik Innovation Center for Natural Products", Ayni str, 299/2, Dushanbe, Tajikistan Postdoctoral researcher, Natural Products Chemistry Xinjiang Technical Institute of Physics and Chemistry, (CAS) №, 40-1, Beijing South Road, Urumqi, China Emails: sodikjon82@gmail.com sodikjon@ms.xjb.ac.cn A short biography |
![]()
Нуъмонов Содиқ Раҳмонович 11.02.1982, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ходими калони илмии Озмоишгоҳи илмҳои биологӣ дар Шӯъбаи фарматсевтикаи инноватсионӣ ва пизишкӣ- таҷрибавии Муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ назди АМИТ» Соли 2005 бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2009 фаъолияти касбии худро дар Муассисаи давлатии илмии "Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" оғоз намуда, то имрӯз ҳамчун ходими калони илмӣ кор мекунад. Аз соли 2010 то 2013 докторанти Академияи илмҳои Хитой буд ва унвони докториашро дар равияи химияи органикӣ соли 2013 дар Пажӯҳишгоҳи техникии физикаю химияи Академияи илмҳои Хитой дифоъ намуд. Ӯ ду маротиба сазовори стипендияи баъди докторӣ дар солҳои 2014-2018 шудааст ва дар Пажӯҳишгоҳи техникии физикаю химияи Академияи илмҳои Хитой корҳои илмиашро давом додааст. Дар якчанд Конфронс/Симпозиумҳои байналмилалӣ баромад кардааст. Аз моҳи майи соли 2018 директори Муассисаи илмӣ-тадкиқотии «Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ» мебошад. Дар солҳои 2019-2020 ба гирифтани стипендияи байналмиллалии Президентии Академияи илмҳои Хитой дар риштаи баъдидокторӣ ва дар соли 2021 ба гирифтани стипендияи байналмиллалии Президентии Академияи илмҳои Хитой хамчун таҳқикотчии даъватшуда сазовор дониста шудааст. Тадқиқотҳои ӯ асосан ба маҳсулоти табиӣ, ки пайвастагиҳои биологии фаъолро аз захираҳои растанӣ ҷудо мекунанд ва муайян кардани сохти пайвастагиҳои ҷудошуда тавассути спектроскопияи NMR ва таҳияи усули ҷудо ва тоза кардани метаболитҳои дуюмдараҷа аз маводи растанӣ ва арзёбии фаъолияти фармакологии онҳо равона шудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ ва ду патенти дар Хитой ба қайд гирифташуда мебошад. |